«Тулӯъ нюс»: дар Бағлон зимни амалиёт 6 ҷангии «Толибон» кушта шуданд

Январь 6, 2021 13:04

ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз зимни амалиёт дар шимоли вилояти Бағлони Афғонистон на кам аз шаш ҷангии «Толибон» кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «Тулӯъ нюс» бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ гузориш дод.

«Амалиёт дар шоҳроҳи Бағлон-Самангон гузаронида шуда, ҳадафи он тоза кардани шоҳроҳ аз «Толибон» буд», — гуфт сардори полиси вилоят Муҳаммад Вайс Самимӣ.

«Шоҳроҳ аз душманон тоза карда шуд. Амалиёт муваффақона анҷом ёфт», — тазаккур дод Самимӣ ва илова кард, ки «ду узви калидии «Толибон» низ миёни кушташудагон буданд».

«Инчунин нақшаи таъмини бехатарии шоҳроҳ ва ҳамла ба душманон дар деҳаҳое, ки ба мардум ва тиҷорат дар роҳҳо таҳдид мекунанд, пешбинӣ шудааст», — гуфт ӯ.

Ба иттилои Самимӣ, дар шоҳроҳ шаш постгоҳҳои амниятӣ таъсис дода шудаанд.

«Толибон» ҳанӯз ин амалиётро шарҳ надодаанд.

АКС аз шабакаи телевизионии «Тулӯъ нюс»

Январь 6, 2021 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд