ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар қаламрави мамлакат барои сохтмони иншооти ҷашнӣ зиёда аз 11 миллиард сомонӣ сарф шудааст

Февраль 8, 2021 13:55

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авҷи воқеии бунёдкорӣ бо маром идома дошта, шаҳру деҳоти мамлакат ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ табдил ёфтаанд. Тоҷикистон барои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегирад. То моҳи сентябри соли равон дар ҷумҳурӣ бунёди зиёда аз 22 ҳазор биноҳои истиқоматӣ, мактабҳо, иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ва роҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи раванди бунёдкорию созандагӣ гузориш медиҳанд.

Соли сипаригашта барои соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 11,6 миллиард сомонӣ (беш аз 1,1 миллиард доллар) ҷудо гардид. Дар ин бора 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2020 дар ҷумҳурӣ беш аз 1,4 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Дар саросари кишвар 157 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 000 хонанда ба истифода дода шуданд. Инчунин 108 муассисаи тиббӣ бунёд ва дар масоҳати зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ пайдо шуданд.

Соли 2020 бо харҷи беш аз 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ 147 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд.

Раиси Кумита зикр намуд, ки ба Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ 658 лоиҳаи сохтмон пешниҳод шудааст. Аз ин шумора 538 иншоот аз экспертизаи давлатӣ бомуваффақият гузаштанд ва 115 иншооти дигар ҳоло дар баррасӣ қарор доранд. Аз инҳо, се адад лағв карда шуда, кор дар ду адади дигар муваққатан қатъ гардид.

Зувайдзода зикр кард, ки тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 ба сокинони деҳаҳои кӯҳистон тавсия дода шудааст, ки хонаҳои шахсии ду ва сеошёна бунёд кунанд. Ин ба он  рабт дорад, ки аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мунтазам меафзояд ва ҳамзамон норасоии қитъаҳои замин барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба назар мерасад. Кумитаи сохтмон ва меъморӣ тарҳи чунин биноҳоро таҳия кардааст, ки онро сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ҳангоми сохтани биноҳои истиқоматӣ метавонанд истифода баранд.

Ҳамин тавр, бино ба маълумоти Кумита, аз 65 нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 64-тои он тасдиқ шудаанд. «Ба анҷом расонидани таҳияи нақшаи генералии ноҳияи Данғара боқӣ мондааст. Ин кор ояндаи наздик ба итмом мерасад ва ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад», — гуфт роҳбари Кумита.

Ғайр аз ин, дар тамоми ноҳияҳо шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия таҳия ва тарҳрезӣ шудаанд, ки афзоиши сохтмонро ба таври назаррас баланд мебардорад.

Тибқи иттилои вазоратҳои блоки иқтисодии кишвар, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ низ марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд. Аксаран, сехҳои дӯзандагӣ, корхонаҳои хурди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ бунёд карда мешаванд. Инчунин корхонаҳои хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла нақлиёт, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Танҳо дар соли 2020 300 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойҳои корӣ ба истифода дода шуданд. Дар натиҷа, соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 адад расид.

Иншооти ҷашнӣ ҳам аз ҳисоби давлат ва ҳам бахши хусусӣ сохта мешаванд. Маблағҳои давлатӣ асосан ба сохтмони биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, инчунин инфрасохтори нақлиёт ва роҳ равона карда шудаанд. Бахши хусусӣ дар бунёди маҷмааҳои истиқоматӣ, инчунин бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ иштирок мекунад.

Танҳо дар соли 2020 29 созишномаи сармоягузории ҳукуматӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба имзо расид, ки ба беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасонии тиббӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, обод кардани деҳаҳо, сохтмон, барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ нигаронида шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 чунин иброз доштанд: «Ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла ба ҳамаи соҳибкорони ватаниву бурунмарзиамон ва дигар шахсони ҳимматбаланд, ки дар амалӣ шудани Амри Роҳбари давлат дар бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маориф ва фарҳангу тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, хатҳои обрасонӣ ва дигар корҳои хайр саҳми ватандӯстона гузошта истодаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти мамлакат аз 2 январи соли 2019 солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуданд. Тибқи Нақшаи тасдиқкардаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тӯли ин солҳо тақрибан 22,5 ҳазор иншооти гуногун, аз ҷумла 4000 иншоот дар Душанбе, 7000 иншоот дар Суғд, 6000 иншоот дар Хатлон ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, интизор меравад, ки дар пойтахт нуҳ меҳмонхонаи нави чор ва панҷситорадор, аз қабили меҳмонхонаи “Дипломат” дар кӯчаи Бохтар ва “Grand RudakI Tower» дар хиёбони Рӯдакӣ ба истифода дода шаванд. Озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин маҳалла» ва «Беҳтарин кӯча» баргузор мешаванд.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 январи соли 2021 гуфтанд: “Дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем».

                                                                Саид АЛӢ,
                                                                Бекназари АБӮБАКР,
                                                                АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2021 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
Пешвои миллат: «Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод»
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз 39 миллиард сомонӣ ба 73 миллиард сомонӣ расонида шуд
Ба ҳама намуд санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аз моҳи майи соли 2027 норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон пурра бартараф мегардад»
Солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд
Пешвои миллат: «Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
Маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расидаанд»
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
Ба иқтисодиёти вилояти Суғд 320,8 миллион доллари ИМА сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон 92 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад