ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Левакант коргоҳи истеҳсолӣ, фабрикаи мурғпарварӣ, ҳавзи моҳипарварӣ ва сардхона ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант коргоҳи истеҳсолии «Оби ҷав», фабрикаи мурғпарварӣ дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳр, ҳавзи моҳипарварӣ ва сардхона барои нигоҳдории 500 тонна меваю сабзавот ба истифода дода мешавад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, коргоҳи истеҳсолии «Оби ҷав» аз ҷониби Кооператсияи «Салтанат» бунёд гардида истодааст.
Коргоҳ бо истифода аз таҷҳизоти немисӣ бо ҷалби мутахассисони Россия сохта мешавад. Дар назар аст, ки он дар кӯтоҳтарин фурсат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи оби ҷав дар як шабонарӯз 15 ҳазор тонна буда, барои истеҳсоли он маҳсулоти маҳаллӣ истифода мешавад.
Кооператсияи «Салтанат» дар баробари ин коргоҳи афшурабарорӣ, обҳои ташнагишикан ва меваи хушк низ ба истифода медиҳад, ки сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Ҳоло дар ин коргоҳи саноатӣ корҳои васли таҷҳизоти аз хориҷи кишвар воридгардида ва насби болопӯш ҷараён доранд.
Дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ҷараён дорад. Фабрика барои парвариши 50 ҳазор мурғ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин аст.
Кишоварзони шаҳри Левакант аз имтиёзҳои Ҳукумати мамлакат барои моҳипарварон самаранок истифода намуда ҳавзи моҳипарвариро дар масоҳати 12 гектар бунёд намуда истодаанд. Айни замон дар 4 ҳавзи нигоҳдории моҳӣ то 40 ҳазор моҳӣ парвариш карда мешавад.
Инчунин дар шоҳроҳи Левакант – Бохтар барои нигоҳдории 500 тонна меваю сабзавот сардхона бунёд гардидааст, ки дар ошёнаи дуюми он коргоҳи дӯзандагӣ ташкил мешавад.








Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд






