Абдулаҳад Хоҷазода: 2 лоиҳаи Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ба рушди соҳаи кишоварзӣ равона шудаанд
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» њамчун агентии татбиќкунандаи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳњо — II» ва «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ба рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода ба хабарнигорон ибрози назар намуд.
Ба гуфти мавсуф, лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чорвогоҳҳо — II» аз соли 2016 оғоз гардидааст, ки 31 марти соли 2021 ба анҷом мерасад. Дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 55 зерлоиҳаи инфрасохторӣ дар деҳаҳои зерҳадаф амалӣ гардид.
«Мувофиқи тавсияи олимони соҳа, дар шароити Тоҷикистон барои тараққиёти соҳаи занбӯри асалпарварӣ аз ҳисоби рустаниҳои шаҳддиҳанда, ки маҳз дар водию кӯҳсор мерӯянд, имконияти парвариши ҳазорҳо оилаи занбӯри асал мавҷуд аст. Истифодаи чунин имконот истеҳсоли асалро ба маротиб зиёд намуда, ҳамзамон тавассути гардолудкунӣ ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда ва рустаниҳоро зиёд менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани даромади занҳои ниёзманди деҳаҳои зерҳадаф тавассути рушди занбӯри асалпарварӣ ба баҳрагирандагон 2740 оилаи занбӯри асал бо дастгоҳу таҷҳизоти ёрирасони занбӯрпарварӣ дастрас шуд», — гуфт Абдулаҳад Хоҷазода.
Абдулаҳад Хоҷазода њамчунин, зикр кард, ки дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Деваштич, Шаҳристон, Рашт ва Тоҷикобод лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” татбиқ мегардад. Татбиқи лоиҳа соли 2018 оғоз шуда, соли 2024 ба анҷом мерасад. Ин лоиҳа мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, сари вақт ва хушсифат омода намудани заминҳои киштшаванда, коркарди байни қаторҳои зироати кишоварзӣ, ҷамъоварии хӯроки чорво, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони боғҳо ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ дошта, 55 адад трактори гуногунтамға, 9 адад комбайни ғалладарав, 23 адад ядак, 78 адад испор, 43 адад сихмола, 13 адад алафтойбандї, 3 адад картошкаканак ва картошкашинонак, 15 адад култиватори байниқаторӣ, 2 адад дорупошакҳои тракторӣ, 11 адад алафдараваки тракторӣ, 1 адад ғаллакӯбак ва 3 адад мошинолоти кишоварзї барои ҷамъоварии хўроки чорво ба кишоварзони ноҳияҳои зерҳадаф дастрас кард.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






