АМИТ «Ховар» рӯзномаи ҷаласаи Комиссияи масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ-ро пешниҳод мекунад
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фардо, 17 феврал, ҷаласаи Комиссияи иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор мешавад. Рӯзномаи онро, бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунад.
1.Дар бораи фаъолияти Шӯро оид ба нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви Иттиҳод дар давраи то соли 2010 – шашмоҳаи аввали соли 2020.
2.Дар бораи татбиқи Барномаи чаҳорчӯбавии ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи истифодаи осоиштаи неруи атом барои давраи то 2020 «ҲАМКОРӢ “АТОМ — ИДМ”, ки бо Қарори Шӯрои сарони ИДМ аз 19 майи соли 2011 (барои солҳои 2011-2020) қабул шудааст.
3.Дар бораи додани мақоми марказҳои тиҷоратикунонии инноватсионии давлатҳо — иштирокчиёни Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои иштирокчии ИДМ барои давраи то соли 2030.
4.Дар бораи фаъолияти ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омодасозӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои соҳаи маъданҳои кӯҳӣ ва металлургӣ, масолеҳшиносии муосир ва коркарди партовҳои саноатии Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии «МИСиС» (солҳои 2018 -2020).
5.Дар бораи Дурнамои истеҳсол, истеъмол, воридот ва содироти намудҳои муҳимтарини маҳсулоти кишварҳои узви ИДМ дар соли 2021.
6.Дар бораи рушди ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи тиҷорати электронӣ.
7.Дар бораи рушди соҳаҳои илмӣ-техникӣ ва технологӣ дар кишварҳои узви ИДМ.
8.Дар бораи аз ҷониби давлатҳои аъзои ИДМ гузаронидани пардохтҳои саҳмӣ ба буҷети ягонаи мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021.
9.Дар бораи сана ва лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ.
10.Дар бораи пешниҳодҳо оид ба таҷдиди Низомнома дар бораи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ ва Тартиби кори Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ.
11.Дар бораи маблағгузории фаъолияти мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
АКС аз бойгонӣ








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






