Аз тарафи ИМА 92 сомона масдуд карда шуданд

Февраль 1, 2021 18:04

ДУШАНБЕ, 01.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба хабари радиои «Озодӣ» аз 20.12.2020 (https://www.ozodi.org/a/31009895.html)  як расонае, ки бо забони тоҷикӣ матлаб нашр мекард, дар баробари 92 сомонаи хориҷӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Амрико масдуд шудааст.

Сомонаи “Рисолат” (risolattj.com), ки ба забони тоҷикӣ ва бо хати кириллӣ барои мухотабон дар Тоҷикистон матлаб нашр мекард, ҳамчун расонаи зидди манофеи ИМА  унвон шудааст.

Дар ин торнамо ба ҷуз аз хабару гузоришҳо аз Тоҷикистону ҷаҳон, инчунин изҳороту муроҷиатҳои ташкилоти террористии собиқ ҲНИ низ пайдо мешуд.

Рӯйхати ин 92 сомона дар торнамои Вазорати адлияи Амрико (https://www.justice.gov/usao-ndca/press-release/file/1325981/download)  нашр шудааст ва дар миёни онҳо ба ҷуз аз risolattj.com ҳамчунон сомонаҳое ба мисли farhang-press.com, roushd.com низ ҳастанд, ки бо забони форсӣ дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ матлаб нашр мекарданд.

Ғайр аз ин, тавре ки Раёсати назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА (https://home.treasury.gov/policy-issues/financial-sanctions/recent-actions/20201208) иттилоъ медиҳад,  моҳи октябри соли 2020  нисбат ба Донишгоҳи байналмилалии «Ҷомеат-ул-Мустафо»  низ бинобар алоқамандӣ бо неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таҳти №10590000383 таҳрим ҷорӣ карда шудааст.

Чанде пештар сомонаи интернетии  «МедиаМаркер» (01.12.2020)(https://mediamarker.info/2020/12/01/masdud-shudani-pojgohi-kimiyoi-saodat-va-homushii-hizbhoi-siyosi/) хабар дода буд, сомонаи «Кимиёи саодат», ки ахбори бардурӯғ, иғвоангез ва моҷароҷӯёнаро  нисбат ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр менамуд ва ҳамзамон бо ин, матлабҳои тарғиботии мазҳабӣ ва марбути ТТЭ собиқ ҲНИ-ро паҳн мекард, баста шудааст.  Ба навиштаи «Медиамаркер», «ин расона нақши пойгоҳи суханпарокании тоҷикии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро  доро буда, аксари матолиби он дар шакли нигоштаҳои кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода мешуданд»

Муҳаққиқи тоҷики муқими Аврупо Ҳафиз Бобоёров дар саҳифаи фейсбукиаш аз 15-уми январи соли ҷорӣ  (https://www.facebook.com/hafiz.boboyorov/posts/4088757631152128) дар ин робита нигоштааст: «Яке аз дастовардҳои пайкоргарони роҳи ноҳамвор ва мушкилгузари озодӣ фош кардани ақидаҳои зиддибашарӣ дар фазои иттилоотии тоҷик ва дар пайи он баста ва дастнорас гардидани чанде аз пойгоҳҳои иттилоотӣ ва тарғиботии ифротгароёни мазҳабӣ, чун «Кимиёи саодат» мебошад. Ба ақидаи ин донишманд «Фошкориҳои маводи зиддибашарии «Кимиёи саодат» боис гардид, ки гардонанда(гон)аш дастрасӣ ба онро қатъ кунад. Дар ин сомона ва дигар сомонаҳою пойгоҳҳои шабеҳи он, рӯзона хабарҳо ва маълумот, аз он ҷумла дар мавриди ҷиҳод, куфр, ояндаи ҷаҳон ва нақши бартари Ислом ва мусулмонон дар он, мақоми дуюмдараҷа ва вобастаи дигар динҳо ва миллатҳо  пахш мегардид».

«Барои пойдории ин пирӯзӣ набояд фурсате ором нишаст» — муътақид аст Ҳ.Бобоёров.

Февраль 1, 2021 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид