Ба истиқболи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар қисми низомӣ дар ноҳияи Мастчоҳ Рӯзи дарҳои кушод доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода ҳамроҳ бо намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Муқаддам Ҳошимзода, Мавҷуда Мирпочоева, муовини озоди раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракат Мавлуда Баҳруддинзода, комиссари ҳарбии ноҳия, майор Аҳадҷон Додоҷонов дар маросими Рӯзи дарҳои кушоди қисми низомии Вазорати мудофиа иштирок намуда, бо шароити зисти сарбозону афсарон шинос шуданд.
Дар доираи баргузории Рӯзи дарҳои кушод зиёда аз 300 нафар хонандагони синфҳои ёздаҳуми муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳоти Палдорак ва Навбаҳор, шаҳракҳои Бӯстон, Обшорон ва Суғдиён аз қисми низомии мазкур дидан карда, бо ҳаёти сарбозон ва вазъи хизмати ҳарбии онҳо аз наздик шинос шуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, Тоҳир Азиззода ба афсарону сарбозон аз таърихи таъсис ва ташаккули Артиши миллии Тоҷикистон, нақши Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва қудрати артиш ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва кафолати таъмини амнияту оромии мамлакат мебошад.
“Гарчанде Артиши миллии мо 28 сол муқаддам дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии мамалакат таъсис ёфта бошад ҳам, вале дар партави таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат тадриҷан устувору қавӣ гардида, ба неруи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Бинобар ин, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон бузургтарин мактаби зиндагӣ мебошад. Танҳо дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавонон имкон доранд моҳияти аслии мафҳумҳои Ватан, модар ва миллатро бо тамоми мазмун беҳтару шоистатар дарк намоянд”,- гуфт раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муқаддам Ҳошимзода низ сарбозону афсаронро бо ҷашни 28-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфта, зикр намуд, ки Артиши миллӣ зодаи Истиқлоли давлатӣ ва тафаккури баланди давлатдории Пешвои муаззами миллат буда, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан посбони амнияту осоиши миллату давлат аст.
Дар назар аст, ки ҳамоиши Рӯзи дарҳои кушод дар ин қисми низомӣ идома ёфта, дар доираи он хонандагони синфҳои ёздаҳуми ҷамоатҳои деҳоти Оббурдон ва Мастчоҳ аз он дидан намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






