Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ дар Тоҷикистон имконпазир аст

Февраль 15, 2021 10:54

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои мубориза бо  бемории сироятии COVID-19 олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ ихтироъ намуданд. Дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шуда, дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ аз озмоиш гузаштааст. Ин нуктаро имрӯз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои соли гузаштаи фаъолияти АМИТ ба хабарнигорон иброз намуд.

Ба зикри мавсуф, ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридотивазкунанда имконпазир мебошад.

«Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо истифода аз имконоти дохилӣ аз 28 феврали соли 2020 ба истеҳсоли маводи гипохлорити натрий, ки дар ҳама давлатҳои дунё ҳамчун маводи маъмули антисептикӣ барои безараргардонии вирусҳо васеъ истифода бурда мешавад, шурӯъ намуд. Илова бар ин бо усули электролиз истеҳсоли оби нуқра ба роҳ монда шудааст. Бояд зикр намуд, ки нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо ба шумор мераванд. Таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Илова ба ин, ионҳои нуқра масунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонанд»,- гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Ба зикри  Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, айни замон аз ҷониби АМИТ истеҳсоли оби нуқра ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода бурдан дар ниқобҳои муҳофизатӣ пешниҳод мешавад.

Олимони АМИТ дар натиҷаи омӯзиши хосиятҳои шифобахшии растании камоли тоҷикон собит намуданд, ки шира ва решаи ин растаниро ҳамчун маводи фаъоли биологӣ барои қавӣ гардонидани масъунияти бадан истифода бурдан мумкин аст.

Айни замон олимони Академияи миллии илмҳо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология» якчанд иловаҳои фаъоли биологӣ, аз қабили «Камолид», «Камолин», «Мукофер», «Седармон», малҳамҳои «Проктоферуол», «Херболит» ва «Ҳербитол»-ро таҳия намудаанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар саноати дорусозии ватанӣ метавонад ҳамчун маводи воридотивазкунанда ҷои баъзе иловаҳои фаъоли биологиро, ки аз хориҷи мамлакат ворид мешаванд, гирад. Ҳамчунин аз растании явшон (ҷорубак) маводи фаъоли биологие дар шакли маҳлул ва қиём тайёр карда шудааст, ки хусусияти зиддибактериявӣ ва зиддивирусӣ дорад.

Февраль 15, 2021 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд