«Бобоҷон Ғафуров — муаррихи Машриқзамин»- таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бузургдошти фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров-муаррихи Машриқзамин» намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ гардид, ки то 10 март идома меёбад.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни ифтитоҳи намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон иштирок намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр намуд, ки «мо ҳоло шоҳиди иқдоми навбатии наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҳар оилаи мамлакат тақдим намудани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров гардидаем. Дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон якчанд ордену медалҳо, ҳуҷҷатҳо, аксҳо, туҳфаҳо ва дигар ашёи осорхонавии марбут ба фаъолияти ин шахсияти зиндаёди миллати тоҷик ҳифз карда мешаванд. Дар робита ба ин, имрӯз мо тасмим гирифтем, ки ин маводи таърихӣ ва осорхонавиро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузорем».
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 110 адад нигора, аз қабили мусаввара, ордену медалҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Бобоҷон Ғафуров ва саҳми боризи ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд.
Дар намоишгоҳ китоби тозанашри Бобоҷон Ғафуров- «Тоҷикон», аксҳо аз ҷараёни иштирок ва суханрониҳои Бобоҷон Ғафуров дар якчанд конференсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Югославия (1960), Ироқ (1969), Ленинград (1972) ва Калкутта (1974) пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд. Инчунин мукофотҳои баланди давлатии мавсуф- шаш ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва чандин медалу нишонҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ҳамчунин дар қисмате аз намоиш диплому сипосномаҳо ва грамотаҳои фахрӣ, шаҳодатномаҳо, ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ, китобҳо мансуб ба аллома Бобоҷон Ғафуров пешниҳод шудаанд, ки аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ дошта, аз фаъолият ва дастовардҳои пурсамари устод қисса менамоянд.
Дар маркази намоишгоҳ тавассути оинаи нилгун филми мустанад доир ба фаъолияти аллома Бобоҷон Ғафуров манзури тамошобинон гардонида шудааст.










Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ҷамъбаст гардид
Шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид
Ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
Байни «Тоҷикфилм» ва шаш киностудияи кишварҳои ИДМ ва хориҷи наздик Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид
Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи Сомон»-ро коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар соҳиб шуд
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Пагоҳ дар Душанбе намоиши сенздаҳуми байналмилалӣ оғоз мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Таҷлили Меҳргон далели эҳтиром ба фарҳанги қадима ва суннатҳои созандаи миллати тоҷик аст»
Имрӯз дар Фестивали «Оши палов» намудҳои гуногуни ин таоми миллӣ омода карда шуданд






