Чор нафар санъаткорони навраси шаҳри Хоруғ ба даври ниҳоии шоу-барномаи озмунии «Парвин» роҳхат гирифтанд

Февраль 11, 2021 11:49

ХОРУҒ, 11.02. 2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври вилоятии шоу- барномаи озмунии «Парвин» 16 нафар санъаткорони наврас ширкат доштанд ва танҳо ба чор нафари онҳо- Меҳрангези Мамадазиз, Ангелинаи Асрор, Илионораи Муборакшоҳ ва Шукронаи  Мирзоазиз муаяссар шуд, ки  ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гиранд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, узви ҳакамон Сабзалӣ Шоизатуллоев гуфт, ки “ҳамаи ширкаткунандагони даври дуюми шоу-барномаи «Парвин» бо маҳорату истеъдод ва сабку услуби ба худ хос ҳунарнамоӣ намуданд. Дар ҳунари аксари онҳо тақлиди беҳуда, ҳаракати ноҷӯр, имову ишораи бемаъниву мақсад эҳсос намешуд ва матлаби худро тавассути суруду мусиқӣ ва рақс  басо табиӣ, гарму самимӣ ба мухотабони худ мерасонданд. Касе агар ба ҳунари интихобнамудаи худ завқу шавқи самимӣ дошта бошаду онро бо тамоми вуҷуд рӯи саҳна орад, ҳатман дар пешаи худ пешқадам хоҳад шуд”.

Ҳакамони озмуни вилоятӣ  изҳори умед намуданд, ки санъаткорони наврас дар озмуни ҷумҳуриявӣ низ бо ҳунару истеъдоди худ табъи ҳаводорони санъатро шод хоҳанд кард.

Ҳадафи аслии Озмуни телевизионии «Парвин» аз миёни садҳо санъаткорони наврас пайдо кардани сарояндагону навозандагон, раққосони асил аст, то онҳо дар оянда тавонанд фарҳанги қадима ва пурғановати миллати  тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Бедор кардани ҳисси муҳаббат нисбат ба ҳунару   фарҳанг, расму суннат ва арзишҳои  миллӣ яке аз дигар мақсадҳои дастандаркорони ин озмун аст.

Озмуни телевизионии «Парвин»  бо  ибтикори телевизиони «Баҳористон» шаш сол пеш роҳандозӣ шуда, ҳоло яке аз барномаҳои дӯстдоштаи на танҳо кӯдакону наврасон, балки калонсолон низ ба шумор меравад.

Февраль 11, 2021 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид