Дар Бохтар 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бошукӯҳ таҷлил карда шуд
БОХТАР, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар 28-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ таҷлил карда шуд. Ҷамъомади тантанавӣ дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар ҷамъомад муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва комиссари ҳарбии вилояти Хатлон Умеҷон Солизода ширкат варзиданд.
Акрам Сулаймонзода ҳозиринро аз номи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон табрик гуфт.
Тазаккур дода шуд, ки имрӯз барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имконият мавҷуданд. Сарбозони мо хизмат мекунанд ва ин барои ҳама шараф аст.
Ҷамъомад бахшида ба ин санаи бошукӯҳ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Ба хизматчиёни ҳарбӣ, оилаҳои хизматчиёни ҳарбие, ки зимни адои қарз дар назди Ватан ҳалок шудаанд, собиқадорон ва сарбозони интернатсионалист туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Барномаи ҷамъомадро консерти идона бо иштироки устодони санъати вилоят рангин намуд.

Бояд гуфт, ки барои таҷлили 23 феврал тамоми майдонҳо ва кӯчаҳои Бохтар бо тарзи идона бо шиорҳову парчамҳо оро дода шудаанд.
Гурӯҳҳое, ки аз ҳисоби намояндагони комиссариати ҳарбӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат таъсис ёфтаанд, барои вохӯрӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ ба қисмҳои ҳарбӣ сафарбар шуданд.
Ҳадафи вохӯриҳо шиносоӣ бо шароити хизмат, ҳаёти ҳарбӣ ва истироҳати сарбозон буд.
Инчунин мусобиқаҳои варзишӣ оид ба гӯштингирӣ, футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш баргузор шуданд.








Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот






