Дар Чемпионати кушод оид ба баскетбол миёни варзишгарони маъюб дастаи Душанбе-1 ҷойи якумро соҳиб гардид

Февраль 15, 2021 13:08

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  14 феврал бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Федератсияи маъюбон даври ниҳоии Чемпионати кушод оид ба баскетбол миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор гардид, ки  дар он  дастаи Душанбе-1 ҷойи якумро соҳиб шуд. Ҷойи дуюм насиби дастаи Душанбе — 2 шуда, ҷойи сеюмро дастаи Хатлон ишғол намуд. Дар охир ғолибон бо медалу диплом ва туҳфаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чемпионати  мазкур 18 нафар варзишгарон дар 3 даста, аз ҷумла ду даста аз шаҳри Душанбе ва як даста аз вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати мазкур  бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Февраль 15, 2021 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд