Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм ҷаласаи илмӣ доир шуд

Февраль 11, 2021 14:47

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм конференсияи илмӣ-назариявии «Саҳми занон дар рушди илм» баргузор гардид.

Тибқи иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК, соли ҳаштум аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва ҳамкории бевоситаи Академияи илмҳо конференсияи мазкур доир мегардад. Имсол конференсияи илмӣ-назариявӣ ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадаф ва мароми он-татбиқи  баробарии гендерӣ дар ҷомеа, алалхусус дастгирӣ ва мусоидати ҳаматарафа дар таҳқиқоту пажуҳиши занону бонувони Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди касбӣ ва вазифавии онҳо дар илм, ноил гардидани занон ба дастрасии захираҳои маънавӣ дар соҳаҳои гуногуни илм мебошад.

Дар конференсияи илмӣ-назариявӣ нахуст мушовири бахши Ёрдамчӣ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Сафолзода  сухан гуфт.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки  бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11 феврал Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм эълон карда шуд. Президенти АМИТ  ҳамаи занон ва духтаронеро, ки илмро пешаи худ намудаанд, табрик гуфта, ба ҳамаи занон-олимони  Академияи илмҳо дар пешрафти фаъолият комёбӣ орзу намуд.

Зикр гардид, ки мояи ифтихору сарфарозист, ки соли сипаригардида 3 нафар занони пажуҳишгари тоҷик дар соҳаи кимиё ва тиб бо медал сарфароз гардиданд. Ин барои таҳқиқоти минбаъдаи  олимони тоҷик дар соҳаҳои дилхоҳ заминаи мусоиди ҳавасмандкунӣ фароҳам овард.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи «Саҳми занон дар рушди илм» маърӯза намуда, аз таваҷҷуҳи бемайлони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувони олим изҳори ақида намуда, ҳамаи занонро даъват кард, ки нисбат ба сарнавишти худ ва давлату меҳан бетараф набошанд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон Ҳилолбӣ Қурбонзода ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм табрик гуфта, оид ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мавқеи занон дар ҷомеа ибрози андеша намуд. Ӯ изҳор дошт, ки дар рушди илми муосири тоҷик фаъолияти илмии занон ва духтарон, ба хусус олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон назаррас аст.

Ҳилолбӣ Қурбонзода гуфт, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба рушди сармояи инсонӣ аҳамияти бағоят бузург дода шуда, дар он таваҷҷуҳ ба неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ, таъсири амиқ расонидани он ба нишонаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар махсус таъкид шудааст.

Дар хатми конференсия ба як гурӯҳ занону бонувоне, ки дар соҳаи илм саҳми назаррас гузоштаанд, ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

Февраль 11, 2021 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд