Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид

Февраль 18, 2021 17:43

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, ки бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе омада буд, баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, вазирони корҳои хориҷӣ маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро муфассал баррасӣ намуда, оид ба мушорикати ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз робитаҳои бародарона ва ҳусни эҳтироми мутақобил вазирон таъкид намуданд, ки бо саъйи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар сатҳи баланди муносибатҳои шарикии стратегиро минбаъд низ нигоҳ дошта, вазифаҳои гузоштаи сарони давлатҳоро пайгирона иҷро хоҳанд кард.

АКС аз ВКХ ҶТ

Февраль 18, 2021 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад