Дар Кӯлоб бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода оид ба корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа доир карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти раиси шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо шахсони масъул оид ба сохтмони иншооти нотамом дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳр, таъмири роҳҳои байни деҳаҳо, ба тартиб даровардани атрофи иншоот, хонаҳои баландошёна ва назди ҳавлиҳо, гулу ниҳолшинонӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва деҳот, равшаннамоии кӯчаҳои шаҳр, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, аз байн бурдани бегонапарастӣ ва дигар масоили муҳим суҳбат намуда, дастур дод, ки дар якҷоягӣ корбарӣ намуда, корҳои сохтмониро дар иншооти нақшавӣ ҳамаҷониба ба роҳ монанд.
Аз гурӯҳҳои корӣ талаб карда шуд, ки ба тозаву озода нигоҳ доштани шаҳр ва тартиби шаҳрдориро риоя намудани сокинон диққати ҷиддӣ дода, аҳолиро дар рӯҳияи ободкорӣ раҳнамоӣ кунанд.
А. Раҳмонзода ва А. Вализода изҳор намуданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои шаҳру деҳоти Кӯлоб бояд ба куллӣ тағйир дода шуда, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бунёд ва дар ин замина сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад.
Масъулин вазифадор гардиданд, ки масъалаҳои мазкурро зери назорат гирифта, мунтазам корбарӣ намоянд.








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






