Дар Левакант даври шаҳрии озмун миёни олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 шаҳри Леваканти вилояти Хатлон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ «Дар бораи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баргузор шуд. Дар он омӯзгори фанни физикаи Литсейи давлатии №2 Файзалӣ Чойлобов, омӯзгори фанни географияи МТМУ №2 Насиба Худойназарова ва омӯзгори фанни физикаи МТМУ№8 Маҳмуд Бобоқулов ғолиб омада, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иттилоъ доданд, дар озмун омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии тамоми муассисаҳои шаҳр ширкат намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид, ки ҳамасола барои дарёфти он озмун гузаронида шуда, ба ҳар ғолиб мукофоти пулӣ- 20 000 сомонӣ тақдим мегардад. Озмун барои дарёфти ҷоизаи давлатӣ барои олимон дар ду давр: дохилиидоравӣ (муассисае, ки олим дар он ҷо фаъолият мекунад) ва ҷумҳуриявӣ, барои омӯзгорон дар се давр: шаҳрӣ (ноҳиявӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур ва сарфароз намудани ғолиб бо ҷоизаи давлатӣ- ин татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва инноватсия бо роҳи ҳавасмандкунии олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ буда, ба рушди фанҳои мазкур, фаъолияти эҷодии олимону омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, такмили методикаи таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос равона гардидааст.
Ҷоизаи давлатӣ ба олимон барои натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат менамояд, коркард ва азхудкунии техника, кашфиёту ихтироот, ки тақвиятдиҳандаи рушди иқтисодиёт ва иқтидори мудоифиавии мамлакат мебошанд, барои таҳияи китобҳои дарсӣ, нашри мақолаҳои илмию методӣ, маводи таълимӣ-методӣ, омода намудани донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву педагогӣ ва корҳои ҷамъиятӣ, саҳмгузорӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои илмию техникии ҷумҳурӣ дода мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






