Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир шуд

Февраль 1, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ«Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерилин Йосефсон, Сафири Ҷумҳурии Федеративии Германия Андреас Протманн ва машваратчӣ оид ба масъалаҳои сиёсии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нилс Янсон  мулоқот намуд.

Тавре аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории мулоқот муҳокимаи имконоти минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат баҳри густариши фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар вохӯрӣ якчанд масъалаҳои мубрами самти ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор гирифта, бештари онҳо ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи КОВИД-19, ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони маъюб,  занон ва духтарон, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, мутобиқати фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба принсипҳои Париж, ки ба мақоми ниҳодҳои миллии пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон машғуланд, дахл дошт.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон    оид ба иқдоми саривақтӣ ва самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коронавируси нав, махсусан ташкили шароити табобат ва пешгирӣ, роҳандозии чорабиниҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва қишри осебпазири он ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумот дод.

Зимни мулоқот ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Сафирони кишварҳои Германия ва Франсия дар Тоҷикистон пайваста талош ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони маъюб дар сатҳи назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки ба имзо расидани Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳим аст.

Инчунин намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати доир намудани ҳамкорӣ дар соли ҷорӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.

Дар охири мулоқот ҷонибҳо ба ҳамдигар барои иштирок ва пешниҳоди маълумоти муфассал доир ба самтҳои зикргардида изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ ҳамкориро дар самтҳои зикргардида тақвият медиҳанд.

Февраль 1, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии парасторон дар шаҳри Мадрид иштирок намуд
Дар Душанбе рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи иқтисод баррасӣ гардиданд
Дар Анқара рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Ҷаласаи раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Дар шаҳри Берлин муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Австрия мулоқот намуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф иштирок намуд