Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барномаи идона баргузор гардид

Февраль 16, 2021 15:36

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт барномаи идона баргузор гардид.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода иброз намуд, ки бахшида  ба 28-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 23 феврали соли равон беш аз ҳазор нафар ҳайати шахсии афсарону аскарони қисмҳои ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе бо нигораҳои нави толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос мегарданд.

Мавсуф зикр намуд, ки «имрӯз Артиши миллӣ ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст. Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд.».

Тавре 22 феврали соли 2020 дар «Кохи Борбад» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, «ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузошт».

Ҳамчунин дар барнома хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯи артиш, Ватан ва ҳифзи он шеърҳо қироат намуданд.

Афсарон ва аскарон дар гӯшаи доимамалкунандаи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии «Артиши миллӣ» ва гӯшаҳои нави экспозитсия, аз ҷумла лавозимоти ҳарбии ниёгон сайрҳои осорхонавӣ намуданд.

Ҷиҳати шиносии бештар пайдо намудани афсарону аскарон бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик нигораҳои 4 шуъбаи экспозитсионии осорхона ба онҳо пурра муаррифӣ карда шуд.

Февраль 16, 2021 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад