Дар СААД тақвияти ДИ-ро дар Афғонистон таҳдиди асосӣ ба амнияти Осиёи Марказӣ номиданд

Февраль 26, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филиали ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» (ДИ, дар қаламрави Тоҷикистон ва Россия мамнӯъ шудааст — эзоҳи АМИТ «Ховар») мавқеи худро дар Афғонистон мустаҳкам мекунад ва ин таҳдиди асосӣ ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин бора 25 феврал сардори Ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Анатолий Сидоров иттилоъ дод.

«Таҳдиди асосӣ ба амнияти минтақавӣ мустаҳкам шудани мавқеи филиали ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ» — «Вилояти Хуросон» (фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон ва Россия мамнӯъ шудааст — эзоҳи АМИТ «Ховар»), ки шумораи ҷангиёни он ба 4 ҳазор нафар расидааст, мебошад», — зикр кард Сидоров.

Ба гуфтаи сардори Ситоди муштараки СААД, дастаҳои онҳо дар вилоятҳои шарқӣ ва шимолӣ фаъолона амал мекунанд, то ин ки ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон ва Покистонро зери назорати худ қарор бидиҳанд ва дар он ҷо «барои густариши минбаъдаи ҳамлаҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ» пойгоҳҳо  таъсис бидиҳанд.

«Коҳиши ҳузури низомиёни хориҷӣ дар қатори нотавонии сохторҳои қудратии Афғонистон ҷиҳати муқовимати муассир бо мухолифини мусаллаҳ минбаъд низ ба тавсеаи манфиати исломгароён ва афзудани шумораи ҷонибдорони онҳо мусоидат хоҳад кард», — илова намуд Сидоров.

 

АКСИ: stopterror.uz

Февраль 26, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад