Дар Тоҷикистон корхонаҳо оид ба истеҳсоли шакар ва коркарди пилла бунёд мегарданд

Февраль 16, 2021 16:35

ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда дар  Тоҷикистон корхонаҳо оид ба истеҳсоли шакар ва инчунин оид ба коркарди пилла бунёд гарданд. 

Дар ин бора ба намояндагони расонаҳои хабарӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир имрӯз дар Душанбе иттилоъ дод. Вазири саноат гуфт, ки алҳол мақомоти марбутаи Тоҷикистон бо сармоягузорони хориҷӣ барои бунёди ин корхонаҳо гуфтушунид доранд.

Зикр шуд, ки бунёди корхона оид ба истеҳсоли шакар масоҳати калон барои кишти лабалабуи қандро тақозо менамояд. Дар Тоҷикистон замина ва шароити мусоид  барои кишти лаблабуи қанд, ки аз он шакар истеҳсол мегардад, мавҷуд аст.

-Аллакай бо истеҳсолкунандагони лаблабу ва сармоягузорон музокирот доир гардида,  дар моҳи март бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтушунидҳо идома меёбанд, изҳор дошт Вазири саноат.

Шералӣ Кабир иброз дошт, ки музокирот дар мавриди таъсиси корхонаи коркарди пилла бо сармоягузорони Корея, инчунин корҳо барои барқарор кардани фаъолияти корхонаи «Тоҷикатлас» ҷиҳати  коркарди пилла идома доранд. Барқарорсозии фаъолияти истеҳсолии ин корхона 10 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ талаб менамояд.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон се корхонаи коркарди пилла фаъолият доранд.

Февраль 16, 2021 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд