Дар Тоҷикистон корхонаҳо оид ба истеҳсоли шакар ва коркарди пилла бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон корхонаҳо оид ба истеҳсоли шакар ва инчунин оид ба коркарди пилла бунёд гарданд.
Дар ин бора ба намояндагони расонаҳои хабарӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир имрӯз дар Душанбе иттилоъ дод. Вазири саноат гуфт, ки алҳол мақомоти марбутаи Тоҷикистон бо сармоягузорони хориҷӣ барои бунёди ин корхонаҳо гуфтушунид доранд.
Зикр шуд, ки бунёди корхона оид ба истеҳсоли шакар масоҳати калон барои кишти лабалабуи қандро тақозо менамояд. Дар Тоҷикистон замина ва шароити мусоид барои кишти лаблабуи қанд, ки аз он шакар истеҳсол мегардад, мавҷуд аст.
-Аллакай бо истеҳсолкунандагони лаблабу ва сармоягузорон музокирот доир гардида, дар моҳи март бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтушунидҳо идома меёбанд, изҳор дошт Вазири саноат.
Шералӣ Кабир иброз дошт, ки музокирот дар мавриди таъсиси корхонаи коркарди пилла бо сармоягузорони Корея, инчунин корҳо барои барқарор кардани фаъолияти корхонаи «Тоҷикатлас» ҷиҳати коркарди пилла идома доранд. Барқарорсозии фаъолияти истеҳсолии ин корхона 10 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ талаб менамояд.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон се корхонаи коркарди пилла фаъолият доранд.








Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст






