Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона дар Дубай Урдунро шикаст дод
ДУШАНБЕ, 06.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дуввуми дӯстона, ки 5 феврал дар Дубай баргузор шуд, дастаи миллии Урдунро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Голи ягонаи бозиро футболбози дастаи «Истиқлол» ва дастаи миллии кишвар – Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 79-ум ба ҳадаф расонид.
Дар аввалин бозии дӯстона, ки 1 феврал баргузор шуда буд, Урдун бо ҳисоби 2-0 ғолиб шуд.
Ёдрас мекунем, ки бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби 2-0 ба суди урдуниҳо хотима ёфта буд.
Бозии рафиқона
Урдун – ТОҶИКИСТОН – 0:1
Гол: Алишер Ҷалилов, 79.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Давронҷон Эргашев, АҲтам Назаров (Табрези Давлатмир, 46), Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷахонгир Эргашев (Ислом Зоиров, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Илхомҷон Баротов (Мухаммаҷон Раҳимов, 76), Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 70, Абдулмумин Забиров, 90+3).
5 феврал. Дубай. Варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи АМА.
АКСИ ФФТ








Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд






