Футболбози тоҷик Табрези Давлатмир фаъолияти варзиширо дар дастаи Эстония «Нарва-Транс» идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 09.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ва «Истиқлол»-и Душанбе Табрези Давлатмир фаъолияти варзишии худро дар премиум-лигаи чемпионати Эстония идома медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Футболбози 22-солаи тоҷик бо дастаи Эстония «Нарва-Транс» шартнома бастааст. Дар дастаи нави худ Табрези Давлатмир бо рақами 3 баромад мекунад.
«Рафтан ба клуби «Нарва-Транс» барои ман мушкилоти нави касбист. Мехоҳам ҳарчи зудтар бо ин даста шинос шавам ва дар дастаи нав тамринро оғоз кунам. Бо истифода аз ин фурсат, ман мехоҳам ба клуби «Истиқлол», ки дар он чанд мавсим бозӣ кардаам, ташаккур гӯям. Ба дастаи Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2021 муваффақият орзу мекунам », — гуфт Табрези Давлатмир.
Мавсими нави лигаи олии Чемпионати Эстония, ки дар он даҳ клуб иштирок мекунанд, 5 март оғоз меёбад.
АКС аз ФФТ








Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






