«ДАСТАРХОНОРОӢ». Дар Ҳисор ва Муъминобод ҳунари моҳиронаю сарфакорона оростани дастархон бо усулҳои милливу хос ба минтақаҳои худ намоиш дода шуд

Февраль 4, 2021 10:18

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 чанд муддат аст, ки дар ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» ҷараён дорад.

Дар тарабхонаи «Шаршара»-и шаҳри Ҳисор  озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» баргузор гардид, ки тибқи низомномаи озмун, ба ҳунари дастархонории довталабон аз рӯи талаботи зебо, хушоянд, дилписанд ва моҳиронаю сарфакорона оростани дастархон баҳо гузошта шуда, риояи анъанаҳои дастархонории миллӣ, мавҷуд будани таомҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани он  ҳадафи асосии озмун маҳсуб мешавад.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ҳисор, дар дувоздаҳ гӯша ҳунармандону кадбонуҳо аз маҳаллаву деҳот бо усулҳои милливу хос ба минтақаҳои худ дастархон ороста, кӯшиш намуданд талаботи низомномаи озмун риоя гардад. Хони оростаи онҳоро намунаи хӯрокҳои гуногуни миллӣ, аз қабили оши палов, гандумкӯчаю ӯмоч, шакаробу қурутоб, нону кулча, ширфатир, самбӯсаю манту, фатирмаскаву чанголӣ, кӯмочу ширкаду, шириниҳои ҳалвою кулчақанд, мураббо аз меваҳои гуногун, хӯришҳо аз меваю сабзавот ва нӯшобаҳо, ки дар шароити хона тайёр карда шудаанд ва боз даҳҳо номгӯи дигар анвои хӯрданӣ зеб медоданд. Чеҳраҳои кушодаву суханҳои саршор аз меҳру муҳаббат бо ба бар кардани либосҳои миллӣ ба озмун таровати дигар мебахшид.

Мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон намояндагони Ҷамоати шаҳраки Шарора ва ҷамоатҳои деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода, Мирзо Ризо, Деҳқонобод ва Хонақоҳи Кӯҳӣ дар дастархонороӣ ҳунари беҳтар нишон дода, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳунармандони Ҷамоати шаҳраки Ҳисор намунаи дастархондории замонавиро бо маҳорати баланд ба намоиш гузоштанд, ки писанди ҳакамону меҳмонон гардид.

Ба  ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд ва онҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Чанде пештар дар назди Кохи фарҳанги ноҳияи Муъминобод низ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Тоҳир Назарзода ҳадафи баргузории озмуни мазкурро шарҳ дода, ташаббуси мазкурро ба хотири камхарҷу ба замона мутобиқ гардонидани дастархонороии мардум арзёбӣ намуд.

Тавре  мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Бахтовар Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар даври ноҳиявии озмуни мазкур аз 7 ҷамоати шаҳраку деҳот намояндагон фаъолона ширкат намуда, тибқи шартҳои озмун дастархонҳои худро ба маъраз гузоштанд. Аъзои ҳакамон ба маҳорату малака ва тарзи хоссаи дастархони оростаи иштирокдорон баҳо гузоштанд.

Дар натиҷа дастархони оростаи сокинони Ҷамоати ба номи Нуралишо Назаров сазовори мақоми аввал, намояндагони Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ сазовори мақоми дуюм ва намояндагони Ҷамоати деҳоти Деҳибаланд сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Ба ғолибон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Дастархонороӣ» дар се давр доир гардида, даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

 

Февраль 4, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

23 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
20 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, сешанбе, 198-умин рӯзи соли 2024 аст
Вазорати нақлиёт дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 5 миллион бех ниҳол мешинонад
Ширкати «China Datang» дар вилояти Суғд неругоҳи офтобӣ бо қувваи 500 мегават месозад
Роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол бунёд мегардад
Намояндаи Осорхонаи миллӣ дар ҳамоиши «Долонҳои мероси Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ» дар Остона иштирок намуд
Ҷавонони тоҷик дар омӯзиши забони хориҷӣ аз Барномаи FLEX самаранок истифода мебаранд
«Узбекистон Онлайн»: муштариён роуминги муфидро интихоб мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
«ШИРКЕНТ»-И НОМДОР. Дар ин истироҳатгоҳ зиёда аз 1000 нафар таътили тобистонаро бофароғат гузарониданд