ДАВЛАТАЛӢ САИД — САРДОР УМУРЗОҚОВ: Тоҷикистон ва Ӯзбекистон суботи маҷрои обро аз обанборҳои Тоҷикистон таъмин мекунанд ва ҳаҷми умумии гардиши мутақобилаи молҳоро ба 1 миллиард доллар мерасонанд
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шакли видеоконфронс музокироти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо муовини Сарвазир — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои калидии рӯзнома табодули афкор намуда, якчанд масъалаҳои мубрами ҳамкории мутақобиларо дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкории саноатӣ, нақлиёт, захираҳои об ва бахшҳои бонкӣ ва молиявӣ баррасӣ карданд.
Қарор аст, ки ҳамкорӣ дар самти навсозии якчанд иншооти гидротехникӣ бо ҷалби кумаки молиявӣ ва техникии созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва донорҳо фаъол карда шавад ва механизми таъмини босубот ва саривақтии об аз обанборҳои Тоҷикистон ба Ӯзбекистон коркард шавад.
Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муштаракро барои беҳтар намудани шароити афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила бо роҳи бартараф намудани монеаҳои мавҷудаи техникӣ ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба бозорҳои ду кишвар, ки дар қатори чизҳои дигар имкон медиҳад вазифаи гузошташуда барои ба 1 миллиард доллари ИМА расонидани ҳаҷми он иҷро карда шавад, фаъол намоянд.
Дар фарҷоми музокирот оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштарак дар ҳайати роҳбарони вазорату идораҳои асосии ду кишвар ба мувофиқа расиданд ва вазифаи ин гурӯҳ назорати иҷрои созишномаҳои дуҷониба, таҳлили имконоти истифоданашудаи ҳамкории мутақобила, омӯзиши рақобатпазирии бозорҳои ду кишвар барои таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила хоҳад буд.
Инчунин мувофиқа шуд, ки тарафайн ба таври алоҳида «Харитаи роҳ» -ро барои дастгирӣ намудани ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиётӣ ва обӣ-энергетикӣ таҳия хоҳанд кард.
АКСИ АМИТ «Ховар»









Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






