Ду барномаи таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалии аккредитатсия шуданд

Февраль 5, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 05.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 2020 бо қарори  Шӯрои аккредитатсионии  Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон ду барномаи таълимии донишгоҳ  ба муҳлати 5 сол ва барои як барномаи таълимӣ ба муҳлати 3 сол соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалии аккредитатсияи барномавӣ гардиданд. Дар ин бора ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф зикр дошт, ки дастоварди дигари донишгоҳ дар соли сипаригашта бо назардошти ҷавобгӯ будан ба Стандартҳои аврупоии сифат – ин таъмин намудани самтҳои асосии фаъолияти  донишгоҳ бо низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии таълимию методӣ мебошад, ки ададашон ба беш аз 60 расидааст. Дар ин давра «Стратегияи рушди ДТТ то давраи соли 2030», «Сиёсати сифати маълумот», «Низоми дохилии баҳодиҳии сифати маълумот дар ДТТ»,  «Низомномаи таҳияи барномаҳои таълимӣ», «Қоидаҳои риояи ростқавлии академӣ», «Низомномаи низоми баҳодиҳии дохилии сифати таҳсилот дар ДТТ» таҳия гардид, ки дар таърихи донишгоҳ нахустин мебошанд.

Инчунин соли 2020 ҳайати омӯзгорон соҳиби 3 патент оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ ноил гардид.

Доир ба муносибатҳои байналмилалӣ зикр шуд, ки   дар соли таҳсили 2020 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ  шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст. Инчунин соли гузашта донишгоҳ  дар амалӣ гардидани 8 лоиҳаи Барномаи ЭРАСМУС+ Иттиҳоди Аврупо, лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ, лоиҳаи «Маълумоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ»-и Созмони ҳамкории байналмилалии Германия  (GIZ), лоиҳаҳои Ташкилоти Кореягии WTIT «Интиқоли технологияҳои коммуникатсионии глобалӣ», Маркази байналмилалии тиҷорат (ITC) фаъолона иштирок намудааст.

Дар ҷараёни нишаст зикр шуд, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  109  нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамоянд. Аз онҳо 11 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,  1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, 1 нафар шаҳрванди Туркманистон ва  2  нафар аз Қазоқистон, 1 нафар аз Ҷумҳурии мардумии Чин ва   93 нафар аз Ӯзбекистон  мебошанд.

Февраль 5, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд