ФУРӮҒҲОИ ТОЗАИ МЕҲАН. Эълони озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» намои дурахшони сиёсати ватандӯстона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат аст

Февраль 11, 2021 16:17

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Он гуна, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” як таконе ба эҳёи ҳунарҳои миллиамон, ба фарҳанг ва  мусиқии ҳазорсолаи мо бахшиду Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба дасти хурду бузурги кишварамон китоб дода, мардуми адабпарварамонро ба асолати милливу маънавияш — китобдориву китобхонӣ бозгардонд, мо аминем, ки озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” низ таваҷҷуҳи наврасону ҷавонони мамлакат ва омӯзгорону волидайнро ба омӯзишу омӯзонидан ва ҳарчи бештар фаро гирифтани илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб хоҳад кард.

Чунин баён доштааст андешаҳояшро Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО  дар робита ба эълони озмуни “Илм-фурӯғи маърифат”.

 -Воқеан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон мо шоҳиди фурӯғҳои тоза ва пай дар пайи маънавии миллатамон гардидем. Давлат ва Ҳукумати соҳибистиқлоли кишвар, Пешвои муаззами  миллатамон ҳанӯз аз оғози фаъолияташон аввалин нур ва рӯшноиҳои  роҳи хушиносии миллиро маҳз дар фурӯғи илму адабу фарҳанг ҷуста буданд. Нахустин бузургдоштҳои миллӣ, таҷлили санаҳои бузурги имрӯзиву таърихии миллатамон, ҷашнҳои  фарзандони шоиставу фархундаи халқи тоҷик – нобиғагони соҳаи илму адабиёт, қаҳрамонҳои миллати тоҷик эълон кардани  устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва даҳҳо иқдомҳои дигар намои дурахшони ин сиёсати ватандӯстона ва фарҳангпарварона буданд.

Ахиран дурахши барҷастаи ин сиёсати маърифатпарваронаро мо дар иқдомҳои дигари Пешвои миллатамон: тарҳандозӣ кардани озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дидем, ки таҳти сарпарастии бевоситаи Сарвари кишварамон таконе фарогир ба ҷомеа дод ва аз зуҳуроту дастоварди беҳтарини замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфт. Мо, ки дар мавриди ин озмунҳо, хусусан озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, саҳми бориз ва дастовардҳои он  борҳо изҳори андеша кардаем, имрӯз нисбат ба падидаи дурахшони дигар, ки дар Паёми навини Президенти мамлакат ироа ва эълон гардид- озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” наметавонем изҳори сарбаландиву ифтихор надошта бошем. Зеро ин озмуни нав боз як падидаи неку дурахшонест, ки давоми мантиқӣ ва идомаи бамавриди озмунҳои дар боло номбурда мебошад.

Ин иқдоми Президентамон низ заминаҳои қавии таърихӣ дорад, зеро миллати шарифи тоҷик дар тӯли таърихи ибратомӯзи худ нобиғагони оламшумулеро дар соҳаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табатшиносӣ, илми тибу омӯзиши кайҳон додааст.  Аз ин рӯ метавон умедвор буд, ки наврасону ҷавонони мо дар ин самт низ чароғи илму маърифатро фурӯзон хоҳанд кард.  Номҳои нобиғагоне, чун Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Ал Хоразмӣ, Форобӣ, Арроқ, Ибни Розӣ, Умари Хайём то Аҳмади Дониш ва дар ин байн даҳҳои дигар, ки саҳми бузурге барои рушди соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ гузоштаанд, далели бебаҳси гуфтаҳои болоянд.

Мо шоҳиди онем, ки дар замони соҳибистиқлолии Меҳан ва хусусан чанд соли охир теъдоди зиёди кӯдакони мактабхони мо дар озмуну мусобиқаҳои байналмилаливу ҷаҳонӣ иштироки фаъол дошта, ҷойҳои намоён ишғол мекунанд ва бо медалу ҷоизаҳои шоиста ба Ватан бармегарданд.

Умед меравад, ки  дар озмуни навбатии “Илм-фурӯғи маърифат” истеъдодҳои наврасу ҷавон  донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ  ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд. Ва ин озмун низ, мисли ду озмуни аввалӣ, тамоми гӯшаҳои кишварро фаро гирифтаву маҳбуби ҳамагон мегардад, истеъдодҳои нодирро дар ин соҳа кашф намудаву дар оянда ба майдони бузурги илмҳои ватаниву башарӣ роҳнамоӣ месозад.

Дар ин радиф, аз рӯи интихоби худашон  ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда шудани ғолибони озмунҳо, ҳавасмандгардонии моддию маънавии омӯгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои   иловагиянд, ки барои амалӣ кардани ин нияти нек мусоидат хоҳанд кард. Хеле ҷолиб ва ибратомӯз аст, ки Пешвои миллат мифтоҳи асосии кушояндаи  дарҳои таълиму тарбияи наврасони моро маҳз дар дасти муаллим ва падару модар мебинанд. Ва ин ки меҳнати омӯзгор ва падари модари наврасони дар озмун муваффақшуда минбаъд аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳаллӣ тақдир карда хоҳанд шуд, иқдомест  хирадмандонаву ғамхорона, ки аминем, натиҷаҳои олӣ хоҳанд дод.

Ҳанӯз дар Паёми соли гузаштаи Президентамон ба Маҷлиси Олии мамлакат солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи  ин ташаббус  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул шуда буд.

Ғамхории давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди омӯзишу парвариши ҳамаҷонибаи кӯдакон, гузоштани бунёди қавии дониш дар сиришти онҳо, баланд бардоштани маърифати илмиашон аз хурдсолӣ-  аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат бо таваҷҷуҳи хосса аз ҷониби Пешвои  миллат  ба соҳаи маориф падидор шуда буд. Ҳамасола ин ғамхориҳо дар бунёди мактабҳои замонавӣ, дар сатҳи баланди мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳозонида шудани  онҳо, дар пайваста баланд бардоштани маоши муаллим ва кормандони соҳаи маориф, фароҳам овардани имтиёзҳо  ба онон ва ғайраҳо ба зуҳур меомаданд.

Бубинед: танҳо соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63 000 ҷойи нишаст бунёд ёфта,  ба истифода супорида шуданд.

Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Бамаврид аст гӯем, ки таваҷҷуҳи Ҳукумат барои баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва касбомӯзии наврасону ҷавонон ҳамеша мушоҳида мешавад. Маҳсули ин таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз дар барои таълими ибтидоии касбии наврасону ҷавонон дар кишвар 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос амал мекунанд.

Дар Паёми  имсолаи Президенти мамлакат дар мавриди таҳсили наврасону ҷавонон дар хориҷи кишвар, хусусан барои омӯзиши фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи хосса дода шудааст. Бо супориши Президентамон  ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030» дар муддати кӯтоҳтарин таҳия хоҳад шуд.

Пайваста такмил додану мукаммал намудани озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва афзун гардонидани маблағгузориҳо  барои онҳо далели равшан аст, ки таваҷҷуҳ ва  ғамхории Пешвои миллатамон сол то сол ба ин иқдомҳои барои ояндаи кишварам ҳаётан муҳим бештар хоҳад гардид. Дар ин самт эълон гардидани озмуни нави ҳамрадифи озмунҳои номбурда- “Илм-фурӯғи маърифат” гувоҳи он аст, ки  ин озмунҳо ҳама ҳамдигарро комил намуда,  дар маҷмӯъ ҳадафҳои бузурги миллиро пайгирӣ хоҳанд кард.

Мо аминем, ки пас аз ба рӯи кор омадани озмуни нави эълоншудаи ”Илм-фурӯғи маърифат”  ин мавзӯъ боз ҳам бештар мавриди ибрози андеша ва гуфтугузори донишмандону омӯзгорон ва рӯзноманигорон қарор хоҳад гирифт ва як фазои тозаи омӯзиши илмиро дар мамлакат фароҳам хоҳад овард. Ва аслан ин озмун холигоҳҳои зиёдеро дар мавриди ҳавасмандӣ ва шуғли бештари наврасони мо ба илмҳои дақиқ пур хоҳад кард. Ва мардуми кишвар бо таваҷҷуҳи беандоза ва хосса интизори амалӣ шудани озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” ва натиҷаҳои неку хурсандибахши онанд.

Дар охир ҳаминро мехоҳам зам кунам, ки истиқболи ниҳоят гарму самимона ва аз рӯи мушоҳидаҳои банда ватандӯстонаи мардум аз ин иқдом ва сарпарастиҳои Пешвои миллатамон дар мавриди озмунҳои номбурда бори дигар гувоҳи сиришти фарҳангдӯстонаву хирадбунёдии миллати некойин ва фарҳангсолорамон мебошад.

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2021 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад