ФУТБОЛ. Ба ҳайати асосӣ ва эҳтиётии «Хуҷанд» медалҳои нуқра супорида шуданд

Февраль 11, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷмааи меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд 10 феврал пас аз натиҷагирии мавсими гузашта маросими бо медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон ва чемпионати ҷавонони кишвар мукофотонидани дастаҳои асосӣ ва эҳтиётии дастаи футболи «Хуҷанд» баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин маросим раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи Суғд, узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба футболбозони Хуҷанд барои бозии шоистаашон дар мавсими гузашта изҳори сипос намуда, ба футболбозон тавсияҳои пурарзиш дод, ҳайати ҷавонони дастаро махсусан зикр карда, дар мавсими нав ба онҳо комёбиҳо таманно кард.

Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳо дар назди иштирокчиён ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои дастгирии ҳамаҷонибаи даста изҳори миннатдорӣ кард. Ӯ футболбозон ва ҳайати мураббиёни дастаи «Хуҷанд»-ро барои ба даст овардани медалҳои нуқраи Лигаи олӣ ва мусобиқоти ҷавонон дар ҷамъбасти мавсими гузашта табрик гуфта, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 ба даста муваффақият орзу кард.

АКСИ ФФТ

Февраль 11, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд