Иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, иқтидори содиротӣ баланд бардошта мешавад
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати рушди иқтиқсод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини суботи макроиқтисодӣ, кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз таъсири омилҳои манфии беруна, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва диверсификатсияи истеҳсолот дар лоиҳаи ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоднамудаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» манбаъҳои иловагии рушдро дар як қатор самтҳои афзалиятнок пешбинӣ намудааст.
Дар ин хусус Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Вазир афзуд, ки дар самтҳои рушди иқтисоди «сабз» ва иқтисоди рақамӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди изофашуда, рушди саноати дорусозӣ, бозори молиявӣ ва фарогирии молиявӣ, истифодаи имконияти хизматрасонии таълимию илмӣ, транзитӣ ва рушди сайёҳии кишвар манбаъҳои иловагии рушд пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои ду барнома- «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025 ва «Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025» таҳия гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, ки ҳадафи асосии ин барномаҳо рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии Тоҷикистон дар зарфи панҷ соли оянда мебошад.
Завқӣ Завқизода ҳамзамон иброз дошт, ки бо мақсади ҷорӣ намудани механизми наву муосир мутобиқ ба иқтисоди бозорӣ ва маблағгузории соҳаи илм лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои маблағгузории заминавӣ, грантӣ, барномаи мақсаноки фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст, ки дар баррасии вазорату идораҳои мамлакат қарор дорад.








Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд






