Имконоти сармоягузории Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баррасии имконоти сармоягузорию соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳодҳои ширкатҳои амрикоӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико ҷаласаи кории маҷозӣ доир намуд.
Дар ҷаласа роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико Фаррух Ҳамрализода, Президенти Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико Филлип де Леон ва доираҳои бонуфузи бахши хусусии Тоҷикистон ва Амрико, аз қабили «American Councils for International Education», «Boeing, General Electric», «Caterpillar», «Coca-Cola», «Comsup», «John Deer», «Medtronic», «Silverleafe», «Valmont», «VISA», «Zeppelin», «Xenophon Strategies», «Somon Air», «Tojik Air» сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст баҳри ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Ҳамзамон аз ҷониби масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ рӯнамо оид ба имконияти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Амрико барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Амрико ҳамчунин захираҳои бойи табиии Тоҷикистон-об, сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имконияти бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва пахта муаррифӣ гардид.
Директори иҷроияи Шӯрои мазкур Елена Сон иброз намуд, ки дар шароити кунунӣ баргузор намудани чунин чорабиниҳо муҳим буда, дар назар аст, ки ояндаи наздик силсилавохӯриҳои маҷозӣ аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ҳарду кишвар ташкил гарданд.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






