Кишоварзони Ховалинг дар 3 ҳазору 524 гектар зироати тирамоҳии ғалладонагӣ кишт намудаанд
ХОВАЛИНГ, 13.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Ховалинг бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва тавсияи мутахассисони соҳа дар 3 ҳазору 524 гектар заминҳои корами лалмӣ зироати тирамоҳии ғалладонагӣ кошта, нақшаи дурнаморо ба андозаи 100 фоиз таъмин намудаанд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар айни замон дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 132 адад техникаҳои кишоварзӣ дастраси деҳқонон буда, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Чанд рӯзи беборишу офтобии моҳи феврал барои вусъати корҳои саҳроӣ дар ин ноҳияи кӯҳистон мусоидат намуд. Деҳқонон бо мақсади омода сохтани заминҳои кишт техникаҳоро ба саҳро бароварданд.
Тавре муовини аввали раиси ноҳия Саймумин Рауфзода иттилоъ дод, дар кишти баҳорӣ дар ноҳияи Ховалинг вобаста ба иқлим зироати ғалладонагию лубиёгӣ, сабзавоту полезӣ ва дар майдони 400 гектар картошка кишт менамоянд.
Кишоварзони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки имсол бо истифода аз талу теппаҳо ва заминҳои наздиҳавлигӣ кишту парвариши ҳама гуна маҳсулоти кишоварзиро нисбат ба нақшаи дурнамо зиёд намоянд. Барои амалӣ кардани ин иқдом аз ҳоло бо захира намудани қисмҳои эҳтиётии техника, тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлими минтақа мутобиқ ва равғанҳои молиданию маводи сӯхт замина гузошта истодаанд.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад






