Кишоварзони ноҳияи Лахш имсол барои кишт қариб 12 ҳазор тонна картошкаи тухмии навъҳои маҳаллӣ захира намудаанд

Февраль 8, 2021 11:48

ЛАХШ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бунёди 221 иншооти дорои аҳамияти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То соли сипаригардида 150 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, боқимонда соли 2021 ба истифода дода мешаванд. Ин матлабро раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад, зимни нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Лахш зикр шуд, ки соли 2020 картошкапарварони ноҳия 101 741 тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба соли 2019  1730 тонна зиёд ҷамъоварӣ шудааст. Ҳосилнокии картошка аз ҳар гектар 180-сентнериро ташкил намудааст. Кишоварзони ноҳия барои кишти картошка дар соли 2021  11 ҳазору 890 тонна картошкаи тухмии  навъҳои маҳаллӣ захира намудаанд. Инчунин дар ин давом аз ноҳияи Лахш ба навоҳии ҷумҳурӣ 76 641 тонна картошка содир шуда,  имрӯзҳо содироти он идома дорад.

Боғпарварони ноҳияи  Лахш  соли 2020 6063,5 тонна мева ҷамъоварӣ намуданд, ки дар муқоиса бо соли 2019  7,8 тонна зиёд мебошад.

Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки сокинони ноҳияи Лахш баҳри созандагию бунёдкорӣ кӯшиш намуда, ба ҷойи гузаронидани  маъракаҳои ҳафту чилу солу дигар маросим бо кумаки техникии ҳукумати ноҳия, ҳашарҳои умумии сокинони деҳаҳо ва саҳми саховаткунандагон 146  километр роҳҳои маҳаллиро ҳамвор карданд, ки ин амал минбаъд низ идома меёбад.

Февраль 8, 2021 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад