Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург дар ҳамоиш бахшида ба Президенти нахустини Россия ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 01.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода 1 феврал дар чорабинӣ бахшида ба 90-умин солгарди таваллуди Президенти нахустини Россия Борис Елтсин ширкат варзид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар доданд.
Ин ҳамоиши ҷашнӣ бо иштироки Намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Россия дар Округи федералии Урал Владимир Якушев, Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев, узви Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Аркадий Чернетский, Раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловск Людмила Бабушкина, иҷрокунандаи вазифаи Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов, намояндагони корпуси маҳаллии дипломатӣ сурат гирифт.
Иштирокчиёни чорабинии идона ба пояи муҷассамаи Президенти нахустини Россия Борис Елтсин гул гузоштанд ва намоиши аксҳоро аз бойгонии шахсии ӯ бо номи «Борис Елтсин. Бо галстук ва бидуни он» бо шавқ тамошо карданд. Дар намоишгоҳ аксҳоро Марина Соколовская – куратори он, мудири шуъбаи экспозиция ва намоишгоҳи Маркази президентии Борис Елтсин — шарҳу эзоҳ дод.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






