Маҳмадшоҳ Гулзода: Ассистенти ДДТТ Муътабар Зоидова дар Намоишгоҳи байналмилалии Kiwie-2020 сазовори медали тилло гардид

Февраль 3, 2021 11:15

ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки соли 2020 ассистенти кафедраи биохимияи донишгоҳ Муътабар Зоидова дар Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор-Kiwie-2020, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, сазовори медали тилло шуд.

Ҳамчунин 11 декабри соли 2020 як нафар ординатори клиникии соли  дуюми кафедраи ҷарроҳии кӯдакона дар олимпиадаи байналмилалии Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд иштирок намуда, аз ҷарроҳии кӯдакона сазовори ҷойи дуюм гашт.

Ҳамасола кормандон ва донишҷӯёни  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2018 се нафар бонувони ихтироъкори  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи тиб сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардида буданд.

Февраль 3, 2021 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид