Маркази миллии тестӣ дар 3683 муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мулоқот доир менамояд

Февраль 1, 2021 13:41

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 феврал то 5 марти соли равон аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи мамлакат   дар 3683 муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мулоқоти кормандон бо хатмкунандагон, падару модарон ва омӯзгорон доир мегардад. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар онҳо зиёда аз 150 000 нафар хатмкунандагон иштирок меварзанд.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот кормандони марказ иштирокчиёнро бо  низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2021 шинос менамоянд.

Аз ҷониби марказ 30 нафар корманди он барои ташкилу баргузории вохӯриҳо аз 1 то 6 феврал ба 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд. Давоми 6 рӯз кормандони марказ дар 178 муассисаи таълимӣ бо алоқамандони ИМД вохӯрию суҳбат хоҳанд кард.

Кормандони марказ ҳангоми сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо онҳо суҳбат карда, маводи иттилоотию методӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва маҷмӯаи саволу масъалаҳои тестро дастрасашон менамоянд.

Февраль 1, 2021 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд