Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар мулоқоти намояндагони Тоҷикистон ва Россия баррасӣ шуданд

Февраль 10, 2021 18:49

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қоидаҳои давлати иқомат, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, муташаккилона сафарбарнамоии муҳоҷирон, барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Валентина Казакова зимни сафари корӣ 8-9 феврал дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи сафар Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Бюрои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ, тақвияти ҳамкории муштарак бо Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар доираи барномаҳои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҳамчунин тавре қаблан иттилоъ додем, дар шаҳри Москва ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор шуд.

Ҳайатҳои ҷонибҳоро ҳамраисони Комиссия – Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей  Оверчук роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории кишварҳоро дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳо бо равиши созандагӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳарду тараф ба мувофиқа расиданд, ки бо тамаркуз ба коркарди рӯйкардҳои нав, барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва мушорикати саноатии Тоҷикистон ва Россия тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Зимни ҷаласа ҳайатҳо ҳамкории ду кишварро дар соҳаи кишоварзию хоҷагидорӣ муҳокима намуданд. Бо назардошти иқтидори Тоҷикистон дар парвариши маҳсулоти кишоварзии банландсифату тозаи экологӣ, ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои дарёфти роҳҳои беҳтари расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла гумрукӣ ва таҳвили нақлиётӣ бо мақсади таъмини мунтазами маҳсулоти Тоҷикистон ба қаламрави Россия мувофиқа ҳосил шуд.

Дар бахши мушорикати саноатӣ ба ҷониби Россия пешниҳод гардид, ки дар таъсис додани коргоҳҳои муштарак дар заминаи корхонаҳои соҳавии дар Тоҷикистон амалкунанда ва дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ иштироки фаъол намояд.

Ҷонибҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ба мувофиқа расиданд. Бо дарназардошти беҳбудии вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон ба ҷониби Россия пешниҳод шуд, ки масъалаи зудтар барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишварро баррасӣ намояд.

Зимни ҷаласа масоили ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба таври фарогир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тадбирҳои дар марҳилаи пандемия андешидашудаи ҷониби Россия дар мавриди таъмини имтиёзҳо нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон зикр гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода иштирок намуд.

Аз тарафи ҳайати Тоҷикистон масъалаи мақоми ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки зимни иқомат дар Россия дар ҳолати номуайянӣ қарор мегиранд, ба миён гузошта шуд.

Ҷониби Тоҷикистон барои баррасии масъалаи қонунигардонии мақоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Россия бинобар содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҷузъӣ манъ аст, ба ҷониби Россия муроҷиат намуд.

Февраль 10, 2021 18:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд