Мавлуда Қаландарзода: Ду лоиҳаи қонунҳо оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Тоҷикистон мавриди амал қарор доранд
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода ба хабарнигорон иброз дошт, ки бобати иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 бо мақсади танзими баъзе масъалаҳои мурофиавӣ, ба монанди такмил додани тартиби даъвати шахсони иштироккунандаи парванда, баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаҳои болоӣ, пешгирии кашолёбии баррасии парвандаҳои иқтисодӣ ду лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва ба мақомоти дахлдор ирсол гардид. Айни замон лоиҳаҳои қонунҳои мазкур қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Мавлуда Қаландарзода иброз намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити китобхонӣ дар Суди олии иқтисодӣ бо теъдоди беш аз 2 ҳазор китоб, аз ҷумла асарҳои Пешвои миллат, олимону шоирон ва нависандагони ватаниву ҷаҳонӣ китобхонаи идоравӣ таъсис дода шуд.
Ҳамчунин доир ба танзими масъалаҳои ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, дигар масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ лоиҳаҳои Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Мавсуф доир ба баланд бардоштани донишҳои назариявию амалии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ сухан карда, изҳор дошт, ки барои мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо, ҷорӣ намудани татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ охири ҳар моҳ машғулияти амалӣ доир ба мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳ баргузор мегардад.
Ҳамзамон сабабҳои тағйирёбӣ ва бекоршавии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, диққати судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ба риояи қатъии қонунгузорӣ, пешгирии содиршавии омилҳои коррупсионӣ, риояи сифату муҳлати баррасии парвандаҳо ҷалб карда мешавад.








Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад






