Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2021» эълон мегардад
ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2021» эълон менамояд.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, озмуни «Донишҷӯи сол-2021» бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва маърифатнокии донишҷӯён роҳандозӣ шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои 2,3 ва 4, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд.
Озмун дар ду давр баргузор шуда, даври аввал дар донишгоҳу донишкадаҳо ва даври ниҳоӣ дар дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор мегардад.
Дархостҳо барои иштирок дар даври ниҳоии озмун аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат то 20 апрели соли 2021 қабул карда мешаванд.
Ғолибон дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон-23 май қадрдонӣ мешаванд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






