МУБОРАК БОД! Гуландом Субҳонова раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуд

Февраль 22, 2021 15:44

ДУШАНБЕ, 22.02.2021/АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбеи гузашта ҷамъомади навбатии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барзузор гардид. Дар он ба ҷои шоир ва файласуф, устоди Донишгоҳи шарқшиносии Тошканд Ҷаъфари Муҳаммад, ки муддати ду сол роҳбарии ин марказро ба уҳда дошт, Гуландом Субҳонова раиси нави Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон интихоб карда шуд.  

Дар ин ҷамъомад ҳамчунин оинномаи Маркази миллӣ-фарҳангӣ низ, ки ба тозагӣ таҳия шудааст,  қабул гардид ва барои тасдиқ ба Вазорати адлияи ҶӮ ирсол хоҳад шуд.

Гуландом Субҳонова зодаи вилояти Сирдарё аст. Маълумоташ олӣ, миллаташ – тоҷик. Соли 1971 донишкадаи омӯзгориро дар риштаи забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Борҳо депутати шӯрои вилояти Ҷиззах ва чанде аз ноҳияҳои он интихоб шудааст. Дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардааст. Соҳиби мукофотҳои давлатӣ мебошад. Муддати ду соли охир муовини якуми раиси Маркази тоҷикони Ӯзбекистон буд.

Маркази миллӣ-фарҳангии Ӯзбекистон соли 2008 таъсис ёфтааст. Феълан сохтори он ба ҷуз идораи марказӣ аз шаш шуъбаи вилоятӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Қашкадарё, Сирдарё, Намангон, Фарғона, Бухоро, ва Самарқанд ва ду шуъбаи шаҳрӣ – «Ориёно» дар Тошканд ва «Суғдиён» дар Чирчиқ иборат аст. Дар қатори лоиҳаҳои калоне, ки ин марказ амалӣ намудааст, метавон  роҳандозии ҷашнвораҳоро бахшида ба  2700-солагии Авасто, 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ, ҳаёт ва эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ ном бурд. Марказ ҳар сол Рӯзи забони тоҷикӣ, мушоираҳо, мулоқот бо адибони тоҷик,  озмуни донандагони беҳтарини таъриху фарҳанги тоҷик, мусобиқаи фарогир оид ба бозии қадимаи ниёгони мо – шоҳмот доир менамояд, дар таҷлили ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон ва ғайра ҳиссаи муносиб мегузорад.

Бо Марказ бисёр шахсиятҳои маъруфи Ӯзбекистон – фарзандони миллати тоҷик, амсоли академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон, поягузори Мактаби байналмилалии кайҳоннавардони наврас Шавкат Воҳидов, Қаҳрамони Ӯзбекистон, меъмори самарқандӣ Мирумар Асадов ва дигарон ҳамкорӣ доранд.



ДАР АКС
ҲО: Гуландом Субҳонова; лаҳзаҳо аз ҷашну идҳое, ки Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон доир менамояд

Февраль 22, 2021 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд