Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба кикбоксинг барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» муайян шуданд

Февраль 24, 2021 16:00

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба кикбоксинг байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор гардид. Дар мусобиқа 14 дастаи мактабҳои варзишии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо теъдоди беш аз 200 нафар варзишгар ширкат варзиданд. Варзишгарони наврасу ҷавони дастаи «Динамо»-и ВКД дар маҷмӯъ 14 ҷойи аввал, 5 мақоми дуюм ва 3 ҷойи сеюмро ба даст оварда, ғолиби даставии мусобиқа эълон гардиданд. Дастаи варзишгарони «Глори»-и шаҳри Душанбе ба гирифтани зинаи дуюм ва мактаби варзишии ноҳияи Фархор ба ҷойи сеюм мушарраф гардиданд.

Дар ин бора аз Федератсияи кикбоксинги Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Ҷойҳои аввалро аз дастаи «Динамо» дар вазни 20 кило Ҳилол Аминов, дар вазни 25 кило Абдуҷалил Саидов, дар вазни 27 кило Муҳсин Муҳаммадиев, дар вазни 28 кило Муҳаммад Нурҷонов, дар вазни 29 кило Бобоҷон Алиев, дар вазни 33 кило Алиҷон Солеҳов, дар вазни 35 кило Муҳаммад Эгамбердиев, дар вазни 45 кило Давлатмурод Азимов, дар вазни 48 кило Шариф Раҳматуллоев, дар вазни 50 кило Билолҷон Азимов, дар вазни 54 кило Комрон Сабзаков, дар вазни 56 кило Билол Расулов, дар вазни 70 кило Фараҳманд Одинаев ва дар вазни беш аз 70 кило Мусо Бобохонзода ишғол намуданд.

Ҳамчунин дар вазни 20 кило Билол Саидов, 27 кило Саддам Сафаров, дар вазни 30 кило Муҳаммадиқбол Қурбонов, дар вазни 40 кило Иброҳим Қодиров ва дар вазни 38 кило Қамар Саидшарипов мақомҳои дуюми мусобиқаро ноил гардиданд. Ҷойҳои сеюмро дар вазни 27 кило Умар Бобоев, дар вазни 48 кило олим Юнусов ва дар вазни 56 кило Шукур Мазитов ба даст оварданд.

Дар охир, дастаҳо ва варзишгарони ғолибу ҷоизадорони мусобиқа дар маросими тантанавӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Ҷом, диплом, медал, Ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Барои доварии мусобиқа доварони ботаҷрибаи ҷумҳурӣ зери роҳбарии довари дараҷаи байналмилалӣ Зафар Шаймурадов даъват шуда буданд, ки мусобиқаро шаффофу одилона гузарониданд. Мусобиқа мутобиқи қоидаҳои байналмилалии «ISKA» (Асостсиатсияи байналмилалии варзиши кикбоксинг) гузаронида шуд, ки дар он иштирокчиён дар 5 синн ва 36 вазн қувваозмоӣ намуданд.

Ҳамчунин намояндагони доварон ва варзишгарон қабл аз баргузории мусобиқа оид ба риояи қоидаҳои варзишӣ ботантана қасам ёд намуданд.

Ин мусобиқа аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Федератсияи кикбоксинги кишвар роҳандозӣ гардид. Дар мусобиқа муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, роҳбарони федератсияҳои варзишии кишвар ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Баромадкунандагон оид ба аҳамияти варзиш ба солимии ҷомеа, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб, дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ ибрози назар намуданд. Зикр карда шуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон шароити машғул гардидан ба варзиш беш аз пеш рушду инкишоф ёфта, натиҷаи ин заҳматҳоро мо дар пешрафту дастовардҳои варзишгаронамон дар арсаи байналмилалӣ мебинем. Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ ва чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ-варзишӣ доир карда шуда, ба он доираи васеи аҳолӣ, ҷавонону наврасон, бонувону калонсолон ҷалб карда мешаванд. Боварӣ аст, ки дар оянда ҷавонону наврасони мо бо кӯшишу ғайрати дучанд парчамбардорони Ватани хеш гашта, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа саҳм мегузоранд.

Февраль 24, 2021 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистонро дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 65 варзишгар намояндагӣ мекунанд
ҶОМИ ҶАҲОН-2025. Имрӯз дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) нахустин бозии худро мегузаронад
Дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе майдончаи варзишии футбол ифтитоҳ гардид
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо иштирокдорони шашумин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 вохӯрӣ доир гардид
«Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои бозӣ бо дастаи футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ба шаҳри Бағдод сафар кард
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол барои Ҷоми ҷаҳон-2025 муайян гардид
Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаи тиллоии оинномаи футболи оммавии КФО дархост ирсол кард
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сафо»-и Лубнон бозӣ мекунад
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини қазоқ кураш дар Қазоқистон соҳиби чор медал гардиданд
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 19 адад расид
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 15 адад расид
«Истиқлол» бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар бозии охири даври 20-уми Лигаи олии Тоҷикистон ғолиб омад