Озарбойҷон барои соли таҳсили 2021-2022 бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи зинаҳои бакалавриат, магистратура, докторантураи таҳсилоти олӣ ва тиббӣ пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 23.02. 2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Озарбойҷон барои соли таҳсили 2021-2022 бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи зинаҳои бакалавриат, магистратура, докторантураи таҳсилоти олӣ ва тиббӣ пешниҳод кардааст, хабар медиад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон вобаста ба ихтисосҳои гуногун сертификатҳои сатҳи байналмиллалии «TOEFL» ва «IELTS»-ро талаб менамоянд. «Аз ин лиҳоз ба довталабон зарур аст, ки пеш аз интихоби донишгоҳ ва ихтисос ба талаботҳои вобаста ба сертификати забондонӣ пешниҳоднамудаи онҳо шинос шаванд», — омадааст дар иттилоияи марказ.
Ба иттилои манбаъ, таҳсил ройгон буда, хароҷоти парвозҳои байналмилалӣ, суғуртаи тиббӣ, раводид ва сабти ном пардохт карда мешаванд. Ҳамчунин стипендияи моҳона барои хӯрок, манзил ва хизматрасонии коммуналӣ 800 манати озарӣ мебошад.
Ҳуҷҷатҳои лозимаи зерин талаб карда мешаванд: ариза (дар шакли анкета); диплом ё аттестат; маълумотномаи тиббӣ (бо санҷишҳо барои ВИЧ / СПИД, гепатити В ва С); ҳолнома (резюме ё CV); номаи ҳавасмандӣ (Мотивирующее письмо); сертификатҳои малакаи забондонӣ.
Сатҳи малакадонии забонҳо барои барномаҳое, ки бо забонҳои хориҷӣ гузаронида мешаванд: барои барномаҳои бакалаврат IELTS 5, TOEFL 40, барои дигар барномаҳо IELTS 5.5, TOEFL 50 лозим аст.
Ҳама ҳуҷҷатҳо бояд ба забонҳои англисӣ ё русӣ тарҷума гардида, аз тарафаи нотариус тасдиқ карда шаванд.
Маълумоти муфассал дар сомонаи:








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






