Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб Мирзо Бекматов имрӯз аз олам даргузашт

Февраль 2, 2021 14:02

ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, дар рӯзи 78-умин солгарди торумори фашистон дар муҳорибаи Сталинград, собиқадори ҷангу меҳнат, шахсияти барҷаста, ходими давлатӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб, охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Кӯлоб Мирзо Бекматов аз олам даргузашт. Ҷанозаи марҳум имрӯз соати 16:00 дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Мирзо Бекматов 22 августи соли 1924 дар деҳаи Зардолуваки ноҳияи Шӯроободи (ҳоло ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) вилояти Хатлон дар оилаи деҳқон ба дунё омада, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1943-1945) мебошад.

Соли 1950 баъд аз хатми Мактаби олии КМ   ВЛКСМ дар  шаҳри Москва бо дархости Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ баргашта, дар вазифаҳои гуногуни комсомолӣ, ҳизбӣ, фарҳангӣ кор мекунад. Солҳои 1959-1964 ба сифати ҷонишини якуми раис, раиси Комиҷроияи шаҳри Кӯлоб, аз соли 1965 то соли 1974 котиби якуми  Кумитаи ҳизби оммунист  дар шаҳри Кӯлоб, солҳои 1974-1986 раиси Кумитаи назорати халқии вилояти Кӯлоб  кор кардааст.

Фаъолияти бисёрсолаи бенуқсон, хизматҳои Мирзо Бекматов дар назди Ватан аз ҷониби давлат бо мукофотҳои давлатӣ ва сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст. Марҳум ду маротиба намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, инчунин вакили Шӯрои Олии СССР  интихоб гардида, ордени Инқилоби Октябр ва даҳҳо медалу ифтихорномаҳо дорад.

Соли 2001 шаҳрванди фахрии шаҳри Кӯлоб, соли 2002 соҳиби унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон гардид ва соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1987 то имрӯз раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, узви Президиуми Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Шӯрои собиқадорони ИДМ буд.

Ному насаби Мирзо Бекматов ба Китоби фахрии собиқадорони ҷанг дар Осорхонаи Поклонная Гора (Москва, Федератсияи Русия) дохил карда шудааст. Мирзо Бекматов «Шаҳрванди фахрӣ» — и Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Литва мебошад.

Чанд сол қабл ба Мирзо Бекматов рутбаи ҳарбии «Полковники гвардия» дода шуд.

Мирзо Бекматов якчанд маротиба дар Паради Ғалаба бар фашизм дар ҶБВ дар пойтахти Федератсияи Россия — шаҳри Москва иштирок дошт.

Соли 2010 ӯ Тоҷикистонро дар ҳайати вакилони собиқадори ҷанг аз ИДМ дар Франсия намояндагӣ кард. Бо даъвати ҷониби Франсия Мирзо Бекматов ба Париж сафар карда, дар чорабиниҳои бахшида ба 65-умин солгарди хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон ширкат варзида буд.

Февраль 2, 2021 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад