Раиси вилояти Хатлон аз якчанд иншооти бунёдшаванда дар ҷамоати Зарбдори Кӯлоб боздид намуд
БОХТАР, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз якчанд майдончаҳои сохтмонӣ дар ҷамоати Зарбдори шаҳри Кӯлоб боздид намуд. Дар ин бора шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ додааст.
Аз ҷумла, роҳбари вилоят бо сохтмони маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аллакай пурра сохта шудааст, шинос шуд. Дар бино корҳои ороишӣ идома доранд.
Ин бино бо дарназардошти хусусияти миллӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Қурбон Ҳакимзода инчунин бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Маркази илмии “Ҳамадоншиносӣ” шинос шуд.
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» мулоқоти раиси вилоят бо фаъолони Кӯлоб баргузор гардид.








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






