Равшанбек Собиров мушовири президенти Қирғизистон таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Содир Жапаров фармоне имзо кард, ки тибқи он Собиров Равшанбек Азатович мушовири Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон таъйин карда шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, фармони мазкур 5 феврал дар сомонаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон нашр шудааст.
Қаблан Равшанбек Собиров ба ҳайси муовини сарвазир кор мекард ва масъалаҳои рушди минтақа, бахши воқеӣ ва инфрасохторро сарпарастӣ мекард. Пас аз ташкили Девони нави вазирон вазифаи муовини сарвазир бекор карда шуд.
Равшанбек Собиров 51 сол дошта, дар ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш дар оилаи тоҷик таваллуд шудааст. Аз моҳи августи соли 2008 ӯ роҳбари Ассотсиатсияи тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатӣ:
1986 — коргари бригадаи истеҳсолии №1 дар совхози «Қирғизистон»-и ноҳияи Қаросӯ;
1990 — коргари ҶСК «Қирғизистон»;
1996 — соҳибкори хусусӣ;
2001-2010 — Директори генералии ҶДММ «Наар»;
2004-2010 — Директори Маҷмааи савдо ва бозорҳои «Кербен»;
2009 — узви Палатаи ҷамъиятии Ҷумҳурии Қирғизистон;
Апрел — ноябри соли 2010 — муовини раиси Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон;
Майи 2010 — узви Шӯрои машваратӣ оид ба робита бо ҷомеа;
Ноябри 2010 — декабри 2011 — вакили Жогорку Кенеш;
2011-2012 — Вазири рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон;
14 октябри соли 2020 муовини сарвазири Қирғизистон таъйин шуда буд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






