СҒК СММ: Кишварҳои Осиёи Марказӣ чорводории ба иқлим безарарро рушд медиҳанд
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносони СҒК ба кишоварзони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар самти гузариш ба истеҳсоли гӯшти аз ҷиҳати экологӣ бехатар, шир ва пашм, аз ҷумла бо роҳи коҳиши партовҳои зарарнок кумак мерасонанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Хадамоти ахбори СММ иттило додааст.
Лоиҳаи Созмони ғизоӣ ва кишоварзии (СҒК) Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкории зич бо олимоне, ки дастурҳо оид ба татбиқи амалияҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро дар бахши боғпарварӣ таҳия кардаанд, ба кор шурӯъ кард.
«Таҳқиқот унсури муҳими лоиҳа буд; дар якҷоягӣ бо донишгоҳҳо, мо усулҳо ва таҷрибаи (пешбурди кишоварзиро) дар маҳалҳо ҳамаҷониба омӯхтем ва инчунин бо шарикон тавассути иртиботи онлайн ва се мулоқоти рӯ ба рӯ дар ҳар як кишвар машварат кардем”, — гуфт Юрий Нестеров, мутахассиси СҒК оид ба рушди босуботи чорвопарварӣ Юрий Нестеров.
Пас аз хатми таҳқиқот, дар Бишкек конфронси ниҳоӣ баргузор гардид, ки дар он маърӯзаҳо бо тавсияҳо пешниҳод карда шуданд. Ин дастурҳо барои тамсили равандҳои биофизикӣ ва чорабиниҳои гуногун дар тамоми силсилаи истеҳсоли чорвопарварӣ пешбинӣ шудаанд.
Номи расмии лоиҳа — «Муайян кардани роҳҳои рушди камкарбон ва тобовар ба иқлим дар кори парвариши ҳайвоноти хоянда дар кишварҳои алоҳидаидаи Осиёи Марказӣ мебошад”.
ДАР АКС: говҳо дар канори яке аз деҳаҳо дар Осиёи Марказӣ. АКСИ Бонки умумиҷаҳонӣ








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






