Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти роҳбари ВКХ Чин бо намояндагони дипломатии кишварҳои АвруОсиё ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо намояндагони дипломатии кишварҳои АвруОсиё дар Чин мулоқот кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Синхуа». Дар вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Зоҳир Саидзода ширкат варзид.
Дар шароити тағйироти бесобиқаи азим ва пандемияи COVID-19 дар тӯли сад соли охир кишварҳо бояд қотеъона ҳамдигарро дастгирӣ кунанд ва тарафдори ҳамкории мутақобилан судманд бошанд, — зикр кард Ван И.
«Чин омода аст, ки имконоти бозори Чинро ҷиҳати ба даст овардани фоидаи мутақобила ва бурди умумӣ бо дигар кишварҳо тақсим кунад», — гуфт роҳбари ВКХ Чин.
Вай инчунин ба бунёди муштараки «Камарбанд ва роҳ» бо риояи сифати баланд ҷиҳати расидан ба шукуфоии умумӣ мутобиқи усули «машварати муштарак, бунёдкории муштарак ва истифодаи муштарак» даъват кард.
АКС аз «Синхуа»








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






