Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов дар мулоқоти Вазири варзиши Россия бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ИДМ ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал дар Москва Вазири варзиши Федератсияи Россия Олег Матитсин бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Федератсияи Россия мулоқот кард. Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов ширкат варзид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар соли 30-юмин солгарди ИДМ Россия ҳуқуқи баргузор намудани нахустин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ-ро ба даст овард, ки аз 4 то 11 сентябри соли 2021 дар Қазон баргузор хоҳанд шуд. Вазири варзиши Федератсияи Россия бо ҳозирин дар бораи қолабҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар заминаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин омодагиҳо барои гузаронидани Якумин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон ва ҳамкории кишварҳои ИДМ оид ба рӯзномаи байналмилалии варзиш суҳбат кард.
Муовини раиси Кумитаи иҷроия Денис Трефилов ба намояндагӣ аз Кумитаи иҷроияи ИДМ ҳозиринро шодбош гуфта, зикр кард: «Кумитаи иҷроия дар саргаҳи пайдоиши ин лоиҳаи нави варзишӣ қарор дошт — омодасозии Низомнома дар бораи Бозиҳо ва ҷиҳати тасдиқ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод намудани он бо иштироки бевоситаи мо сурат гирифт. Ва соли гузашта Кумитаи иҷроия, Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои узви ИДМ дар якҷоягӣ бо намояндагони Россия барои дар вақти муайяншуда гузаронидани Бозиҳо амалан ҳама корҳоро анҷом доданд. Ба нақшаҳои мо пандемияи коронавирус мудохила кард. Бояд гуфт, ки баргузории Бозиҳо оғози татбиқи амалии Стратегияи ҳамкории Иттиҳод дар соҳаи варзиш дар давраи то соли 2030 мебошад, ки моҳи майи соли гузашта Шӯрои сарони ҳукуматҳо онро тасдиқ карда буд.
Лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегия таҳия шудааст, ки дар он зиёда аз 100 чорабинӣ ҷиҳати таҳкими тамосҳои зич байни ҷомеаҳои варзишии кишварҳоямон, мубодилаи афкор ва коркардҳои амалӣ ва якчанд мусобиқаҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд».
АКСИ хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






