Санъат Раҳим: «Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ шахсони масъули корхонаҳо ҷарима баста шуданд»

Февраль 2, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ шахсони масъули корхонаҳо бо моддаҳои 405, 172 ва 725и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 848 357 сомонӣ ҷарима баста  шуданд, ки нисбат ба ҳисоботи соли гузашта 194 967 сомонӣ зиёд мебошад.
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  сардори Хадамоти мазкур Санъат Раҳим иброз намуд.

Зикр гардид, ки дар корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда дар соли 2020  31 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 8 нафар ҳалок ва 33 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

«Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар корхонаи зериназоратии Хадамот соли 2020 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2019  2 адад ва дар соҳаҳои истеҳсолӣ 3 адад кам гардидааст. Сабабҳои асосии ҳодисаи нохуш-ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, дар ҷои ҳодиса беаҳамиятӣ кардани ҷабрдидагон ҳангоми  кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатариии саноатӣ дар ҷараёни кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад»,-шарҳ дод Санъат Раҳим.

Ҳамзамон иброз гардид, ки аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои нохуш тафтиши техникӣ гузаронида шуда, парвандаҳо ба мақомоти Прократураи шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.

Февраль 2, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад