Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 438 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардид

Февраль 25, 2021 12:05

ДУШАНБЕ, 25.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 438 ҳазор афзоиш ёфта, аз 113,09 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 10:00 (ба вақти Душанбе)-и 25 феврал, ба СУТ дар бораи 113 097 102 сироятшуда ва 2 508 881 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 438 361 нафар ва фавтидагон 10 814 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 28 974 623. Баъд аз он Ҳиндустон (11 046 432), Бразилия (10 326 008), Россия (4 200 902), Британияи Кабир (4 144 577), Франсия (3 661 410), Испания (3 170 644), Италия (2 848 564), Туркия (2 665 194), Германия (2 416 037), Колумбия (2 237 542) ва Аргентина (2 085 411) қарор доранд.

Февраль 25, 2021 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод