Шоҳин Саидзода: Соли 2020-ум 520 муассисаи таълимӣ аз аттестатсияи гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020-ум 520 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия гузаронида шуда, аз фаъолияти муассисаҳои таълимии аттестатсияшуда муайян гардид, ки дар кори онҳо баробари дастоварду муваффақият камбудиҳо низ ҷой доранд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ин ниҳод Шоҳин Саидзода ба доираи васеи хабарнигорон хабар дод.
Ба зикри номбурда, зимни аттестатсия маълум гардид, ки аз ҷониби масъулони соҳаи маориф иҷро нашудани талаботи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020», ба талаботи меъёрҳои мақоми муассисаи таълимӣ мувофиқат накардани теъдоди омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ, инчунин омӯзгорони то 35-солаи дорои дараҷа ва унвони илмӣ, ба талаботи меъёрӣ мувофиқат накардани сафарбаркунии ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба курсҳои такмили ихтисос, ба талаботи меъёрӣ мувофиқ набудани таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳо барои истифодаи донишҷӯён, норасоии китобҳои дарсӣ, нашри ками китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, мувофиқат накардани теъдоди омӯзгорони доимӣ ба талаботи меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, тибқи талаботи «Низомнома оид ба назорати дохилӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» ба роҳ монда нашудани иштироки роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ дар дарсу машғулияти омӯзгорон, мувофиқ набудани теъдоди омӯзгорони дорои дараҷаи тахассусии олӣ ва якум ба талаботи меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, номутаносибии теъдоди хонандагон дар гурӯҳҳои таълимӣ тибқи талаботи замимаи иҷозатнома, қабул ба синфи 1-ум бе риояи синну сол дар баъзе муассисаҳо, ба талаботи меъёрӣ мувофиқат накардани сифати таҳсилот (баҳои «4» ва «5») ва донишазхудкунӣ, мутобиқи талабот ба зергурӯҳҳо ҷудо накардани хонандагон ҳангоми омӯзиши фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, забонҳои хориҷӣ ва технология (таълими меҳнат) да дигар камбудиҳо ошкор гардиданд.
Дар нишаст зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 3911 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 678 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 2 566 455 (ду миллиону панҷсаду шасту шаш ҳазору чорсаду панҷоҳу панҷ) нафар донишҷӯ, хонанда ва тарбиягиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 1 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 7 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 14 муассисаи таҳсилоти томактабӣ иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дода шуд. Инчунин тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе ба Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе табдил дода шуда, иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимии онҳо аз нав ба расмият дароварда шуд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






